Додгоҳ "Паймони Миллии Тоҷикистон"-ро "созмони террористӣ" хонд. Паймон қарорро "беасос" номид
     TJ RU EN
10:15 / 2024-12-20

Додгоҳ "Паймони Миллии Тоҷикистон"-ро "созмони террористӣ" хонд. Паймон қарорро "беасос" номид

Додгоҳи олии Тоҷикистон "Паймони Миллии Тоҷикистон", эътилофи ниҳодҳои мухолифи давлатро дар хориҷа созмони ифротгаро ва террористӣ эълон кардааст. Аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд.

Додгоҳ рӯзи 11-уми октябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, аризаи Додситонии кулро дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф кардани ташкилоти Паймони миллии Тоҷикистон қонеъ карда ва аз рӯзи 15-уми августи имсол фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Бар асоси ин қарор, вебсайтҳои ин созмон дар Тоҷикистон баста мешаванд ва "воридот, нашри видеову варақаҳои тарғиботии созмон манъ аст".

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи созмонҳои мухолифин дар хориҷа, рӯзи 15-уми октябр дар баёнияи расмӣ ҳалномаи Додгоҳи олиро "ҳайратангез" ва "ғайриконститутсионӣ" хонд. Дар баёния гуфта шудааст, "Суди Олӣ бо ин қарораш собит кард, ки “террористӣ” эълон кардани ҲНИТ ва “экстремистӣ” донистани “Гурӯҳи 24” ва ҳамчунин маҳкумияти Муҳаммадалӣ Ҳайит ва дигар раҳбарони ҲНИТ, маҳкумияти асосгузори ҳизби “Тоҷикистони нав” – Зайд Саидов ва адвокат Бузургмеҳр Ёров, ҳама бо ангезаҳои сиёсӣ ва беасос будаанд."

Масъулони Паймони миллӣ мегӯянд, на танҳо ин имкон барояшон дода нашуд, ки бо вакили худ дар мурофиае, ки парвандааш дар он муҳокима шудааст иштирок кунанд, балки "ҳатто пеш аз қабули ин қарор ҳеч хабаре дар бораи он надошт".

"Бар ҳамин асос, Паймони миллӣ бори дигар лозим медонад таъкид кунад, ки ӯ ҷонибдори устувори муборизаи мусолиматомез, даст ба даст шудани қудрат, гуногунандешӣ, озодии матбуот, интихоботи озод ва шаффоф ва бунёди давлати воқеан демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон аст”, -- омадааст дар баёния.

Додгоҳи олии Тоҷикистон то ба ҳол сабаби ифротӣ ва террористӣ эълон кардани паймонро шарҳ надодааст. Аммо дар гузашта мақомоту расонаҳои давлатии Тоҷикистон борҳо Паймони миллиро "ворис"-и ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ донистаанд, ки фаъолияташ аз соли 2015 боз мамнуъст.

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҳаракати ислоҳот ва рушд ва узви Паймони миллӣ рӯзи 14-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Қарори додгоҳ заминаи ҳуқуқӣ надорад. Ҳукумати Тоҷикистон одат кардааст, ҳар гуна созмонеро ки бо сиёсаташ мувофиқ нест ва онро танқид мекунад, созмони ифротӣ эълон кунад."

Гадоев афзуд, ҳеҷ яке аз аъзои паймон ҳангоми муроҷиат ба тарафдоронаш касеро ба ифротгароӣ, вайронкорӣ ва ё терроризм даъват накардааст ва касеро ҳам ба ин амалҳо ташвиқ намекунад.

Ӯ дар идомаи суҳбаташ гуфт: "Дар тамоми суҳбатҳои мо, даъват ба амали террористӣ дида намешавад. Даъватҳои мо барои бунёди ҷомеаи демократӣ ва ислоҳот дар Тоҷикистон аст. Мо новобаста ба ҳар қарори додгоҳ, ба корамон идома медиҳем."

Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015 мамнуъ ва террористӣ эълон кард. Раҳбарияти ҳизб, ки дар хориҷа қарор дорад, онро рад мекунад.

Раҳбарони се созмони дигар низ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷа ҳастанд. Ҳадаф аз ташкили эътилоф сарҷамъии нирӯҳои мухолифин, риояи ҳуқуқи башар, рушди демократия ва интихоботҳои озоду шаффоф гуфта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун тақрибан бист созмону ҷунбиш, аз ҷумла “Ҳизби Таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”, “Ҷамоаи Таблиғ”, “Тоҷикистони Озод”, “Салафия”, “Гуруҳи 24”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ут-нусра” ва “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”-ро ба ҳайси созмонҳои террористиву ифротӣ шинохтаанд. Даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ ва тарафдорӣ аз ин созмонҳо боздошту зиндонӣ шудаанд.

https://www.ozodi.org/a/30215405.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима